Ӯзбекистон дар намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ дар Исроил ширкат мекунад

    Сайёҳӣ 30 Mart 2022 1114

    29 марти соли ҷорӣ дар Тел-Авив 28-умин намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «The International Mediterranean Tourism Market - IMTM 2022» ба кори худ оғоз кард.

    IMTM бузургтарин намоишгоҳи соҳаи сайёҳӣ дар минтақаи Баҳри Миёназамин аст ва аз ҷониби Вазорати сайёҳии Исроил, Ассотсиатсияи меҳмонхонаҳо, Ассотсиатсияи агентиҳои сайёҳӣ ва Ассотсиатсияи операторони сайёҳии Исроил васеъ дастгирӣ карда мешавад.

    Бо дастгирии Сафорати Ӯзбекистон дар Тель-Авив дар таркиби стенди ҶС «Uzbekistan Airways» намояндагони PR-маркази миллии назди Вазорати сайёҳӣ ва мероси фарҳангӣ, як қатор ширкатҳои сайёҳӣ ва ҳунармандон, аз ҷумла аз вилоятҳои Самарқанд ва Бухоро ширкат мекунанд.

    Дар рӯзи аввал стенди Ӯзбекистон таваҷҷуҳи зиёди меҳмонон, аз ҷумла мутахассисони бозори сайёҳӣ ва сайёҳони эҳтимолиро ба худ ҷалб кард. Стенди Ӯзбекистонро вазири сайёҳии Исроил Йоэл Развозов тамошо кард.

    Дар стенди Ӯзбекистон маҳсулоти гуногунҷабҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла ёдгориҳои беназири меъморӣ, гастрономияи нодир, маҳсулоти зебои ҳунармандони ӯзбек ба намоиш гузошта шудаанд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates