Ҷумҳурии Ўзбекистон бори аввал дар ярмаркаи байналмилалии сайёҳии Озарбойҷон ба сифати “Кишвари шарик” иштирок мекунад.
Иштироки ҳайати Ӯзбекистон аз ҷониби Вазорати фарҳанг ва сайёҳии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази милии PR» ва Сафорати Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон ташкил карда шуд.
Дар маросими ифтитоҳи ярмаркаи сайёҳӣ аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Бахром Ашрафхонов суханронӣ намуд.
Дар доираи намоишгоҳи AITF-2023 ҳайати мо муаррифии иқтидори сайёҳии кишвари мо, барномаи фарҳангӣ бо баромади ҳунарпешагони ансамбли миллии Хоразм, намоиши маснуоти ҳунарҳои мардумию амалӣ ва таомҳои миллиро ба нақша гирифтааст.
Барои маълумот: AITF – рӯйдоди муҳими бозори фаъол рушдёбандаи сайёҳии Озарбойҷон, ки ҳамасола шумораи зиёди иштирокчиён ва меҳмононро аз саросари ҷаҳон дар як платформа ҷамъ меорад.