Ба ҳайати мазкур таҳти роҳбарии раиси Кумита У.Шодиев намояндагони ҶС «Ӯзбекистон ҳаво йуллари» ва бузургтарин ширкатҳои сайёҳии кишвар шомиланд.
Дар стенди Ӯзбекистон муаррифии иқтидори ғании сайёҳӣ ва мероси фарҳангии кишвар баргузор гардида, намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ вохӯриҳои «В2В» барпо намуда, инчунин меҳмононро бо самтҳои нави сайёҳӣ ва иқтидори мавҷудаи сайёҳӣ бо мақсади ҷалб ва афзун намудани шумораи сайёҳон аз Ҷопон шинос мекунанд.
Ба меҳмонони намоишгоҳ мусиқии миллӣ бо иштироки гурӯҳи мусиқии ӯзбек бо барномаи консертӣ, аз ҷумла сурудҳои анъанавӣ ва фолклори ӯзбек намоиш дода мешавад.