Дар ҷамъомад раисон ва судяҳои Судҳои олии Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Судҳои олии кишварҳои шарики муколамаи СҲШ - Озарбойҷон ва Туркия, намояндагони Котибияти СҲШ ва Комиссияи иҷроияи сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ ширкат намуданд.
Дар мулоқот, ки дар фазои дӯстона ва кордонӣ, дар рӯҳияи ҳусни тафоҳум ва эътимоди тарафайн гузашт, ҷонибҳо баробари баррасии масъалаҳои мубрами суди одилонаи умумманофеъ, дурнамои ҳамкории мақомоти судӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳуқуқро муҳокима карданд.
Зимни баррасии масъалаҳои амнияти киберӣ дар ҷамъомад, иштирокчиён якдилона ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳои амалӣ дар ин самт амиқтар шаванд ва робитаҳои мақомоти судиро дар самти мубориза бо ҷиноятҳои киберӣ инкишоф диҳанд.
Инчунин зарурати роҳандозии табодули таҷриба оид ба татбиқи зеҳни сунъӣ дар фаъолияти судҳо таъкид карда шуд.
Зимни ҷамъомад оид ба усулҳои алтернативии ҳалли низоъҳо то мурофиа ва дар раванди суд мубодилаи таҷриба карда, зарурати пурзӯр намудани нақши судҳо дар ин самт эътироф гардид.
Илова бар ин, иштирокдорон зарурати татбиқи ҷазои сахт барои поймол кардани ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдаконро таъкид намуда, ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқии ноболиғон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуданд. Ҳамчунин дар бораи такмили қонунгузорӣ дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон, роҳандозии тадбирҳои пешгирикунанда, ки ба пешгирии нақзи ҳуқуқи ноболиғон нигаронида шудаанд, густариши бештари табодули таҷриба дар ин замина, таҳкими минбаъдаи муносибатҳо дар доираи ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон тавассути суд, фароҳам овардани фазои солими ҳуқуқӣ барои ноболиғон дар минтақаи СҲШ ба мувофиқа расиданд.
Дар рӯзномаи ҷамъомад мавзӯи мубориза бо ҷиноятҳои марбут ба хушунат ва терроризм низ ҷой дошт.
Раисони Судҳои олии кишварҳои узви СҲШ бо такя ба ҳадаф ва тамоюлҳои аз ҷониби умум эътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ, аҳамияти густариш ва таҳкими ҳамкории мақомоти судии олӣ, рушди минбаъдаи муносибатҳои бар асоси эътимоду дӯстӣ, барои боз ҳам такмил додани фаъолияти мақомоти судии давлатҳои аъзои СҲШ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои минтақавӣ ва таъмини амнияти минтақавӣ ва таҳкими озодии инсонро таъкид намуданд.
Иштирокдорони ҷамъомад аҳамияти идомаи муколамаи пурмазмуни Судҳои олиро дар оянда барои рушди низоми судии кишварҳои узви СҲШ дар асоси меъёрҳо ва тамоюлҳои аз ҷониби умум эътирофшудаи ҳуқуқи миллӣ ва байналмилалӣ қайд намуданд.
Ҷамъомади ХХ раисони Судҳои олии давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар фазои муколамаи созанда ва ҳамкориҳои судманд баргузор гардид.
Дар поёни мулоқот Изҳороти муштарак ба имзо расид.
Ҳамчунин, аз рӯйи баргузории ҷамъомади XXI раисони Судҳои олии кишварҳои узви СҲШ дар соли 2026 дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ба мувофиқа расиданд.