Ин ҳамоиш дар шаҳри Ҷакарта дар ҳамкорӣ бо Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (СҲИР) ва Бонки рушди Осиё (БРО) баргузор шуд, хабар медиҳад АА «Дунё».

Дар доираи ин конфронси минтақавӣ Ӯзбекистон расман ба Иқдоми зидди фасод барои кишварҳои Осиё-Уқёнуси Ором ҳамроҳ шуд. Ҳоло 34 давлат узви ин иқдом мебошанд, ки дар байни онҳо як қатор кишварҳои ИДМ низ ҳастанд.

Дар рафти сафари роҳбари ҳайати ӯзбекистонӣ, муовини директори Агентии мубориза бо фасоди Ӯзбекстон Умида Тохташева бо роҳбари Комиссияи решакан кардани фасоди Индонезия Агус Ҷоко Прамоно мулоқот анҷом дод.

Ҳангоми мулоқот дар бораи таърихи таъсисёбии Агентии мубориза бо фасоди Ӯзбекстон, фаъолияти он ва дастовардҳои дар муддати кӯтоҳ бадастомада маълумот пешниҳод гардид.

Дар ҷараёни гуфтушунид ҷониби индонезягӣ ба густариши ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ишора намуда, аҳамияти рушди ҳамкорӣ дар мубориза бо фасодро таъкид карданд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар соҳаи мубориза бо фасод ҳамкории худро ба роҳ монанд, ёддошти тафоҳум байни ду ниҳодро имзо кунанд ва Нақшаи амали муштарак таҳия намоянд.

Ҷониби индонезӣ таҷрибаи Ӯзбекстонро дар мубориза бо фасод қайд карда, ба натиҷаҳои мусбат дар самти пешгирии фасод дар соҳаи соҳибкорӣ ва ҳаёти ҳаррӯза, инчунин ташаккули масунияти зидди фасод миёни аҳолӣ баҳои баланд дод.

Дар анҷоми мулоқот роҳбари Комиссияи решакан кардани фасоди Индонезия Агус Ҷоко Прамоно иштироки ҳайати индонезиро дар Форуми зидди фасоди Тошканд, ки моҳи октябри соли 2025 баргузор мегардад, тасдиқ кард.