Ӯзбекистон ба Эътилофи ҷаҳонӣ алайҳи зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон ҳамроҳ шуд

    Воқеаҳо 5 Sentabr 2025 1085

    Ӯзбекистон 46-умин кишваре гардид, ки ба эътилофи ҷаҳонӣ алайҳи зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон ҳамроҳ шуд.

    Дар ин бора намояндагии UNICEF дар Ӯзбекистон хабар дод.

    Таъкид мешавад, ки ин иқдом дар асоси дастовардҳои муҳими кишвар, аз ҷумла қабули қонун «Дар бораи ҳимояи кӯдакон аз ҳама шаклҳои зӯроварӣ» дар моҳи майи соли равон ва таҳияи стратегияи байнисоҳавӣ ва нақшаи ҳаракатҳо барои ҳимояи амалии ҳар як кӯдак сурат гирифтааст.

    “Ин қадами муҳим дар роҳи ҳимояи кӯдакон аст. Ин ӯҳдадориҳо ба дастовардҳои назарраси кишвар асос меёбанд. Аз ҷумла, моҳи майи соли ҷорӣ қонун “Дар бораи ҳимояи кӯдакон аз ҳама шаклҳои зӯроварӣ” қабул гардид. Ҳоло стратегияи байнисоҳавӣ ва нақшаи ҳаракатҳо, ки барои таъмини ҳимояи амалии ҳар як кӯдак нигаронида шудааст, таҳия мегардад.

    UNICEF бо ифтихор аз ҳукумати Ӯзбекистон дар ин талошҳо пуштибонӣ мекунад. Барои дар муҳити бехатар ва дастгирӣ дар хона, мактаб ва ҷомеа ба камол расидани ҳар як кӯдак якҷоя ҳаракат мекунем» — омадааст дар хабар.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates