Ӯзбекистон яке аз 14 кишвари аввалин гардид, ки ба ин барнома дар асоси паймонҳои миллии об ҳамроҳ шуд.

Дар маросими оғози ташаббус президенти Бонки ҷаҳонӣ Аджай Банга, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш ва муовини сарвазир, вазири иқтисод ва молияи Ӯзбекистон Ҷамшид Қучқоров иштирок карданд.

Ташаббуси «Water Forward» ба гузаронидани ислоҳот дар бахши об ва навсозии инфрасохтори об мусоидат мекунад, то ки эътимоднокии хизматрасониҳо барои аҳолӣ, истеҳсоли ғизо ва устувории низоми об ба хушксолӣ ва обхезиҳо баланд бардошта шавад.

Иштирок дар ин ташаббус ба кишварҳои рӯ ба рушд имкон медиҳад, ки захираҳои молиявӣ ва таҳлилиро аз ҷониби ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ, ҳукуматҳо, созмонҳои хайриявӣ ва бахши хусусӣ ҷалб намоянд.

Дар доираи фаъолияти худ Бонки ҷаҳонӣ ӯҳдадор шудааст, ки то соли 2030 амнияти обро барои 400 миллион нафар таъмин кунад. Ин аз ҷумла фароҳам овардани дастрасӣ ба оби нӯшокӣ ва санитария, беҳтарсозии системаҳои обёрӣ, чораҳо зидди хушксолӣ ва обхезӣ ва барқарорсозии манбаъҳои обро дар бар мегирад.

Бо дарназардошти ӯҳдадориҳои иловагии шарикон ташаббуси «Water Forward» ба фарогирии зиёда аз 1 миллиард нафар равона шудааст. Ба шарикон чунин ташкилотҳо: Бонки осиёии рушд (БОР), Бонки осиёии сармоягузории инфрасохтор (БОСИ), Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР), Бонки сармоягузории аврупоӣ (БСА) ва Бонки исломии рушд (БИР) дохил мешаванд. Ин созмонҳо инчунин дар Ӯзбекистон фаъоланд.

Ташаббуси «Water Forward» бар асоси паймонҳои миллии обӣ, ки таҳти роҳбарии ҳукуматҳои иштирокчӣ таҳия шудаанд, асос ёфтааст. Ин паймонҳо афзалиятҳои ислоҳоти бахши обро муайян мекунанд ва захираҳои молиявиро барои татбиқи онҳо бо ҳамоҳангӣ бо шарикони байналмилалӣ сафарбар мекунанд.

Дар чорабинӣ оид ба роҳандозии ташаббуси "Water Forward" гурӯҳи аввали 14 кишвар узвияти худро дар асоси Паймонҳои миллии обии таҳияшуда эълон карданд. Ӯзбекистон, Албания, Ангола, Боливия, Ветнам, Ҷумҳурии Демократии Конго, Урдун, Камбоҷа, Камерун, Кения, Кот-д’Ивуар, Сенегал, Сьерра-Леоне ва Ямайка аз ҷумалаи онҳост.

Дар суханронии худ Ҷамшид Қӯчқоров қайд кард, ки ҳукумат дар ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ паймони обии миллиро таҳия кардааст.

«Ин паймон пурра ба ҳадафҳои Стратегияи рушди Ӯзбекистон то соли 2030 мутобиқ аст. Аз ҷумла, ҳуҷҷат татбиқи технологияҳои сарфакоронаи обро дар 100% заминҳои обёришаванда (4,1 млн гектар), коҳиши талафоти об дар обёрӣ то 25%, таъмини дастрасии умумӣ ба оби тозаи нӯшокӣ ва хизматрасониҳои санитарӣ, инчунин рақамикунонии идоракунии захираҳои обро пешбинӣ мекунад», — гуфт Ҷамшид Қӯчқоров.