Ӯзбекистон бинобар ҳаҷми интиқоли пул аз Русия дар байни кишварҳои ИДМ пешсаф шуд

    Молия 17 Dekabr 2021 1035

    Дар семоҳаи сеюм рекорди шашсола оид ба интиқоли асъор аз ҷониби шахсони воқеӣ аз Федератсияи Русия ба ИДМ тавассути системаҳои пардохт муқаррар карда шуд. Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон пешсаф гардиданд, ки нисбат ба семоҳаи дуюм аз 22 фоиз  то 35 фоиз афзудаанд.

    Бинобар ақидаи коршиносон, ин пеш аз ҳама ба шиддат гирифтани сохтмон дар моҳҳои тобистон ва нарасидани нерӯи корӣ вобаста аст, ки муҳоҷирон онро пӯшонданд. Ба эътидол омадани қурби рубл низ нақш бозид, ки дар пасманзари он маоши коргарони хориҷи наздик ба таври қобили мулоҳиза афзудааст, менависад рӯзномаи «Коммерсант»-и Русия.

    Мувофиқи маълумоти Бонки Русия, дар моҳҳои июл-сентябр интиқоли фаромарзӣ тавассути системаҳои пардохтӣ ба кишварҳои ИДМ аз Русия ба 2,29 миллиард доллар расид. Ин арзиши рекордӣ дар шаш соли охир буда, ҳаҷми маблағҳо танҳо дар семоҳаи соли 2015 - 2,31 миллиард доллари ИМА бештар буд. Дар байни гирандагони пул Ӯзбекистон пешсаф гардид, ки ба он аз Федератсияи Русия 1,01 миллиард доллар (афзоиш 34,9 фоиз), Тоҷикистон -- 0,53 миллиард доллар (25,5 фоиз) ва Қирғизистон -- 0,43 миллиард доллар (21,7 фоиз) интиқол дода шудааст.

    Яке аз сабабҳои афзоиш зиёд шудани вуруди муҳоҷирон аз кишварҳои ИДМ, пеш аз ҳама аз ҳисоби воридоти муташаккилонаи қувваи корӣ аз Ӯзбекистон ва Тоҷикистон барои пур кардани касри қувваи корӣ дар сохтмон, хоҷагии манзилию коммуналӣ ва дигар соҳаҳои саноат буд.

    Вазорати меҳнат дар моҳи август хабар дод, ки дархост барои вуруди тақрибан 50 ҳазор корманд барои кор дар 40 субъекти Федератсияи Русия расмӣ гардонда шудааст. Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2021, дар муқоиса бо 7,5 миллион нафар дар соли 2020, 9,2 миллион нафар ба қайд гирифта шудаанд. Аз маълумоти ВКД бармеояд, ки дар ин муддат назар ба соли гузашта ду баробар зиёд — 1 миллиону 600 ҳазор дона патент дода шудааст. Аз онҳо 542 ҳазор патентро шаҳрвандони Тоҷикистон, 976 ҳазорашро шаҳрвандони Ӯзбекистон гирифтаанд.

    Ба гуфтаи роҳбари системаи пардохти CONTACT Сергей Нестеров, рағбатҳои асосии афзоиши интиқоли пули муҳоҷирон дар кишварҳои ИДМ боз шудани марзҳо ва "афви муҳоҷират" барои садҳо ҳазор шаҳрвандоне буд, ки вуруди онҳо ба Русия мамнӯъ шудааст.

    «Дар кишвари мо эҳтиёҷоти фаврӣ ба қувваи корӣ боқӣ мондааст, ки дар натиҷа маоши муҳоҷирон афзоиш ёфта, қариб ба сатҳи сокиноне, ки дар ҳамон соҳа кор мекунанд, расидааст», - илова мекунад ӯ. Дар баробари ин, ба гуфтаи Нестеров, тамоюли афзоиши интиқол ба кишварҳои ИДМ дар семоҳаи чорум идома хоҳад ёфт.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates