Федератсияҳои футболи Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон дархости муштарак пешниҳод намуда, изҳори итминон карданд, ки метавонанд мусобиқаро дар сатҳи баланд ташкил кунанд.
Солҳои охир дар Осиёи Марказӣ футбол босуръат рушд мекунад, инфрасохтори муосир сохта мешавад ва кишварҳои минтақа мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ таҳким мебахшанд. Ӯзбекистон, ҳамроҳ бо кишварҳои ҳамсоя, омода аст, ки чунин мусобиқаи бонуфузро баргузор кунад. Дар шаҳрҳое ба мисли Тошканд, Намангон, Фарғона ва Қаршӣ варзишгоҳҳо ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонда шудаанд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Федератсияи футболи Ӯзбекистон.
Илова бар ин, баргузор кардани мусобиқаҳои бузург дар солҳои охир, аз ҷумла чемпионатҳои Осиё байни дастаҳои ҷавонони U-20 ва U-23, инчунин Ҷоми ҷаҳонии футзал, ба минтақа таҷрибаи гаронбаҳои ташкилотчигӣ бахшидааст.
Осиёи Марказӣ анъанавӣ бо меҳмоннавозӣ, муносибати касбӣ, садоқат ба футбол ва мухлисони оташин маъруф аст. Минтақа омода аст, ки боз диққати тамоми Осиёро ҷалб кунад ва Ҷоми Осиё-2031-ро дар сатҳи олӣ баргузор намояд.