Ӯзбекистон дар намоишгоҳҳои Созмони исломӣ ширкат мекунад

    Сайёҳӣ 5 Dekabr 2023 2240

    Кумитаи сайёҳии назди Вазорати экология, ҳифзи муҳити зист ва тағирёбии иқлим якҷоя бо ҳайати вилояти Хоразм дар якчанд намоишгоҳҳои байналмилалӣ ширкат варзиданд.

    “Саммити умумиҷаҳонии ҳалол” ва “Туризм ва тандурустӣ” аз ҷумлаи онҳост. Ҷумҳуриро стенди «Хива – пойтахти сайёҳии ҷаҳони ислом 2024» муаррифӣ кард.

    Дар доираи намоишгоҳи байналмилалии «HALAL EXPO 2023»-и Созмони ҳамкории исломӣ мулоқот бо намояндагони ҳайат ва ректори Донишгоҳи Кападокия доктор Ҳасан Алӣ Карасар баргузор гардид.

    Дар вохӯрӣ профессор бо имконияту имтиёзҳое, ки барои соҳаи сайёҳии Ӯзбекистон ва самтҳои асосии стратегияи рушди соҳаи сайёҳӣ фароҳам оварда шудаанд, муфассал шинос карда шуд.

    Дар бораи нақшаи стратегии беҳбуди соҳаи сайёҳӣ дар вилояти Хоразм ва рушди аэронавтика дар асоси таҷрибаи Каппадокия низ гуфтушунид сурат гирифт.