Гвинея-Бисау 168-умин кишвар гардид, ки Ӯзбекистон бо он
муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуд.
Ҷонибҳо омодагии қавии худро барои таҳкими ҳамкорӣ дар
доираи созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла СММ ва муассисаҳои махсуси он изҳор
карданд.
Ҳамчунин, мувофиқа ҳосил шуд, ки ҳамкорӣ дар самтҳои
барои ҳар ду ҷониб муфид густариш дода шавад.
Ёдовар мешавем, ки 19 апрели соли 2026 вазирони корҳои
хориҷии Ӯзбекистон ва Руанда Бахтиёр Саидов
ва Оливе Ндухунгирехе низ дар шаҳри
Анталия Коммюникеи муштаракро ба имзо расонида буданд.