15 июни соли 2023 дар Нью-Йорк Баённомаи муштарак дар бораи муқаррар намудани муносибатҳои дипломатии байни Ўзбекистон ва Тринидад ва Тобаго ба имзо расид.
Аз номи ҳукуматҳои ду кишвар санадро намояндаи доимии Ӯзбекистон дар назди СММ Бахтиёр Иброҳимов ва намояндаи доимии Тринидад ва Тобаго дар СММ Деннис Франсис ба имзо расонданд.
Ин давлат дар соҳили шимолу шарқии Америкаи Ҷанубӣ воқеъ буда, узви Иттиҳоди Британия, инчунин Ташкилоти давлатҳои Амрико мебошад.
Ҷонибҳо ҳавасмандии худро ба таҳкими ҳамкориҳои муштарак дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла СММ ва ниҳодҳои тахассусии он тасдиқ карданд. Созишнома дар бораи дастгирии робитаҳои дуҷониба барои ҷустуҷӯи самтҳои муфиди ҳамкориҳо ба даст омад.
Имзои ҳуҷҷат дар роҳи вусъат додани ҳамкории Ӯзбекистон бо кишварҳои ҳавзаи Кариб қадами нав гардид, хабар медиҳад хидмати матбуоти ВКХ Ҷумҳурии Ӯзбекистон.