10 октябри соли 2022 дар  Ню-Йорк Баёноти муштарак дар бораи барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ӯзбекистон ва   Ҷумҳурии Кооперативии Гайана ба имзо расид.

Аз номи ҳукумати ду кишвар ба ҳуҷҷат намояндаи доимии Ӯзбекистон дар назди СММ Бахтиёр Иброҳимов ва намояндаи доимии Ҷумҳурии Кооперативии Гайана дар назди СММ  Каролин Родригес Биркет имзо гузоштанд.

Ҷонибҳо ҳавасмандии худро ба таҳкими ҳамкориҳои муштарак дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла СММ ва ниҳодҳои тахассусии он тасдиқ карданд. Дар бораи давом додани робитаҳои дутарафа барои ҷустуҷӯи самтҳои ба ҳамдигар фоидабахши ҳамкорӣ созиш ҳосил гардид.

Имзои ҳуҷҷат барои фаъолгардонии ҳамкории Ӯзбекистон бо кишварҳои Амрикои Ҷанубӣ қадами муҳим гардид, хабар медиҳад котиби матбуоти ВКХ Ҷумҳурии Ӯзбекистон.