Дар кори ин чорабинӣ зиёда аз ду ҳазор вакил аз 164 кишвар ва беш аз 20 созмони байналмилалӣ иштирок карданд. Дар ҷаласа масъалаҳои мубрами мубориза бо нашъамандӣ ва ҷинояткории вобаста ба маводи мухаддир муҳокима шуданд, хабар медиҳад АИ «Дунё».
Дар доираи ҷаласа ҳайати Ӯзбекистон бо изҳороти миллӣ баромад намуда, консепсияи Стратегияи миллии солҳои 2024-2028-ро муаррифӣ кард. Ҳамчунин, даъват ба ҷомеаи байналмилалӣ барои дастгирии номзадии Ӯзбекистон ҷиҳати интихоб шудан ба Комиссияи СММ оид ба маводи нашъаовар дар соли 2027 садо дод.
Ба чорабинии махсус (сайд-ивент), ки ба муаррифии таҷрибаи Ӯзбекистон дар самти пешгирии нашъамандӣ ва ҷиноятҳои вобаста ба маводи мухаддир миёни занон, мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар Афғонистон ва минтақа бахшида шуда буд, таваҷҷуҳи махсус дода шуд. Дар доираи ин чорабинӣ, таҷрибаи Ӯзбекистон дар таъсиси марказҳои махсуси тавонбахшӣ барои занон ва татбиқи барномаҳои профилактикӣ низ пешниҳод гардид.
Намояндагони ҳайати Ӯзбекистон дар чорабиниҳои муҳиме, ки ҳамроҳ бо Идораи СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ ва Иттиҳоди Аврупо ташкил шудаанд, фаъолона иштирок намуда, инчунин мулоқотҳои судмандро ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ анҷом доданд.