Ӯзбекистон аз ҷумлаи кишварҳоест, ки нишондодҳои дастрасии ду дарсадии СММ-ро бинобар арзиши хидмати фарохмаҷрои мобилӣ иҷро кардааст

    Рақамисозӣ 10 Aprel 2022 2368

    Тибқи гузориши Иттиҳоди байналмилалии алоқаи барқии Созмони Милали Муттаҳид барои соли 2021, Ӯзбекистон ба қатори чаҳор кишваре дохил шуд, ки ҳадафҳои Созмони Милали Муттаҳидро дар мавриди ду дарсад дастрас будани нархҳои интернети фарохмаҷрои мобилӣ иҷро кардааст.

    Дар ин бора сарвари намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Ӯзбекистон Марко Мантованеллӣ дар баромади худ дар суҳбати "мизи мудаввар"-и байналмилалӣ таҳти мавзӯи "Рақамисозии инклюзивӣ ва аутсорсинги равандҳои тиҷорат "ВРО) дар Ӯзбекистон" хабар дод.

    "Ӯзбекистон соли гузашта нишондиҳандаи дуфоизаи Комиссияи алоқаи фарохмаҷрои назди Созмони Милали Муттаҳид оид ба дастрасии хидматрасонии интернетро иҷро намуд ва ба феҳристи чаҳор узви нав (кишвар) шомил шуд, ки ба ин ҳадаф расидаанд", – гуфт Марко Мантованеллӣ.

    Рушди рақамӣ дар афзоиши иқтисодии Ӯзбекистон ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ нақши муҳим мебозад. Ҳукумат трансформатсияи рақамиро ҳамчун рӯзномаи асосии стратегии худ қарор додааст. Барномаҳои зиёде таҳия шудаанд, аз ҷумла Стратегияи "Ӯзбекистони рақамӣ-2030" ва Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав барои солҳои 2022-2026.

    Ҳамчунин зикр гардид, ки барои беш аз 200 ҳазор ҷойҳои корӣ дар кишвар ҳудуди 600 ҳазор нафар довталабони нав рақобат карда, имрӯз аз ҷониби Ҳукумат ҷиҳати ташкили ҷойҳои кории муносиб барои ҷавонон, таҳкими малакаҳои рақамии онҳо, зиёд намудани шумораи хизматрасониҳои аутсорсинги равандҳои бизнес (BPO), таъсиси ҷойҳои кории фосилавӣ дар Ӯзбекистон, хусусан дар деҳот, тадбирҳо андешида, ба нишондиҳандаҳои нав ноил гардида истодаанд, хабар медиҳад маркази матбуоти ВРТИ.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates