Ӯзбекистон бо сабаби паҳн шудани коронавирус дар ин кишвар марзро бо Афғонистон муваққатан баст

    Муҳим 22 Iyun 2021 1172

    Бо назардошти шиддат гирифтани вазъи эпидемиологӣ дар Афғонистон Комиссияи махсуси ҷумҳуриявӣ қарор дод, ки ҳаракати шаҳрвандон тавассути марзи Ӯзбекистон ва Афғонистон боздошта мешавад.

    Тибқи иттилои хидмати матбуоти Вазорати тандурустӣ ҳамзамон додани раводидҳои туристӣ ба шаҳрвандони Афғонистон ва қабули дархостҳои раводид аз агентиҳои сайёҳӣ қатъ карда мешаванд.

    Танҳо кормандони намояндагиҳои дипломатӣ, идораҳои консулӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ва аъзои оилаи онҳо, ронандагон, ки ҳамлу нақли байналмилалии борро анҷом медиҳанд, инчунин шаҳрвандони Ӯзбекистон ва Афғонистон, ки ба ватан бармегарданд, иҷозат доранд, ки аз гузаргоҳи марзии "Тирмиз-автодорожный" ҳаракат кунанд.

    Шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки натиҷаи мусбати сирояти коронавирус доранд, барои табобат ба клиникаҳои махсус фиристода мешаванд.

    Шаҳрвандони хориҷӣ, ки натиҷаи мусбат доранд, ба қаламрави Ӯзбекистон роҳ дода намешаванд.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates