Ӯзбекистон дар Бозиҳои "Раллии ҳарбӣ"-и АрМИ-2022 мақоми дувумро гирифт

    Ин мусобиқаҳо аз 13 то 19 август дар Русия ва Муғулистон баргузор шуда, дар онҳо чаҳор даста – Ӯзбекистон, Русия, Беларус ва Муғулистон ширкат доштанд. Дар натича ҷои дуюм насиби мо гардид.

    Имсол мусобиқаҳо дар ду мамлакат барпо гардиданд. 10 август иштироккунандагон аз он ҷо бо мошинҳои «КамАЗ» ва «Урал», ки чархи 4x4 ва 6x6 доранд, ба шаҳри Қизил, пойтахти Ҷумҳурии Тува омаданд, аз болои замини нохамвор ба шахри Улангомм Мугулистон рафтанд, ки дар он ҷо ифтитоҳи ботантанаи Бозиҳои АрМИ-2022 баргузор шуд.

    Хидматчиёни ҳарбии мо имсол бори панҷумин дар мусобиқаи «Раллии ҳарбӣ» иштирок мекунанд, ки дар он маҳорати ҳаракати худро дар ҳолати ҷангӣ ва малакаи ронандагии хизматчиёни ҳарбӣ месанҷанд ва такмил медиҳанд.

    Хизматчиёни ҳарбии мо дар мусобиқот, ки аз рӯи чор шарт, аз қабили «Пойгаи инфиродӣ», «Пойгаи таъқиб», «Тирпарронӣ» ва «Мусобиқаи дастаӣ» иборат буданд, бомуваффақият иштирок намуда, сазовори ҷои дуюм гардиданд.

    Ғолибони мусобиқа автомобилчиёни ҳарбии Федератсияи Россия гардида, ҷои сеюмро командаҳои Белоруссия ва Муғулистон ба даст оварданд.

    Дар ин бора Департаменти иттилоот ва коммуникатсияи оммавии Вазорати мудофиа хабар медиҳад.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates