Тавре ки дар Департаменти иттилоот ва коммуникатсияҳои оммавии Вазорати мудофиа хабар доданд, озмун бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои байналмилалии ҳарбӣ ва баланд бардоштани нуфузи хизмат дар воҳидҳои махсус ташкил шудааст.

Дар ҷараёни озмун иштирокчиён 13 навъи санҷишҳо, аз ҷумла: меъёрҳои омодагии ҷисмонӣ, гузаштани монеаҳо, роҳёбии шабона дар масофаи 15 км, марш-бросоки 20 км бо бори 20 кг, санҷишҳои омодагии ҷангӣ, идоракунии оташи артиллерия, ҷудо ва ҷамъ кардани силоҳи оташфишонии стандарти НАТО, тирпаронӣ, расонидани кумаки тиббӣ ва дигар вазифаҳои амалӣ ва назариявро иҷро карданд.

Дар ҳисоби даставӣ ҳарбчиёни ӯзбек масофаи 20 км-ро бо бори 20 кг дар 1 соату 48 дақиқа тай карданд. Дар санҷишҳои инфиродӣ Турдимурод Авлаев монеаҳоро дар 10 дақиқаю 34 сония гузашта, Илҳом Саломов масофаи 15 км-ро шабона дар 59 дақиқа тай намуд.

Қобили зикр аст, ки дар як қатор бахшҳо рекордҳои нав ба қайд гирифта шуданд. Дар натиҷа, ҳарбчиёни Ӯзбекистон бо ҷоизаи махсус сарфароз гардиданд. Бояд гуфт, ки намояндагони Ӯзбекистон аз соли 2019 инҷониб дар ин озмун пайваста бо натиҷаҳои баланд иштирок доранд.

Маросими истиқболи тантанавии ғолибон 22 март дар Фурудгоҳи байналмилалии Тошканд ба номи Ислом Каримов баргузор шуд.