Ҳамчунин дар ҷаласа вазири мудофиаи Ҷумҳурии Озарбойҷон генерал-полковник Закир Ҳасанов; вазири мудофиаи Ҷумҳурии Беларус генерал-лейтенант Виктор Хренин; вазири мудофиаи Ҷумҳурии Қазоқистон генерал-лейтенанти авиатсия Даурен Косанов; вазири мудофиаи Ҷумҳурии Қирғизистон генерал-майор Руслан Мукамбетов; вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Эмомалӣ Собирзода; котиби Шӯрои вазирони мудофиаи ИДМ генерал-лейтенант Юрий Дашкин; Дабири кулли ИДМ генерали артиш Сергей Лебедев иштирок карданд.

Тавре хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар медиҳад, дар ҷараёни ҷаласа мубодилаи муфассали афкор оид ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ, рушди ҳамкориҳои ҳарбӣ ва таъмини суботи минтақавӣ дар шароити муосир баргузор гардид.

Ба таҳлили вазъи ҳарбию сиёсӣ, фаъолияти низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ ва низоми муттаҳидаи назорат ва арзёбии вазъи радиатсионӣ, химиявӣ ва биологӣ (РХБ), инчунин такмили ҳамкории қувваҳои миллӣ дар доираи ин низомҳо бо дарназардошти таҷрибаи амалиёти ҷангӣ таваҷҷуҳи махсус равона карда шуд.

Мавзӯъҳои асосии ҷаласа чунин буданд:

татбиқи Консепсияи ҳамкории ҳарбии давлатҳои ИДМ то соли 2030;

вазифаҳои фаъолияти муштарак дар соҳаи ҳарбӣ барои давраи наздик ва миёнамуҳлат;

рушди низомҳои муштараки таъиноти ҳарбӣ;

масъалаҳои молиявӣ ва кадрӣ, инчунин муайян намудани супоришҳо барои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ.

Аз рӯйи натиҷаҳои ҷаласа қарорҳои Шӯрои вазирони мудофиа қабул гардиданд, ки ба таҳкими қувваҳои мусаллаҳи давлатҳои ИДМ ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои ҳарбӣ равона шудаанд.

Ҷаласа 86-уми Шӯрои вазирони давлатҳои иштирокдори ИДМ дар фазои корӣ ва созанда баргузор гардид.