Коршиносон оид ба самтҳои минбаъдаи рушди соҳаи кайҳонӣ дар минтақа табодули афкор намуда, дар байни агентиҳои кайҳонии кишварҳо мулоқотҳои дуҷониба баргузор намуда, дар доираи Шӯрои кишварҳои СДТ оид ба соҳаи кайҳонӣ як қатор созишномаҳо қабул карданд, хабар медиҳад "Repost. uz".
Ӯзбекистон аз сар додани моҳвораи таълимӣ хабар дод, натиҷаҳои умумии корҳо дар чаҳорчӯби мониторинги кайҳонро муаррифӣ кард, ба ёддоштҳои ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби лоиҳаҳои таълимӣ имзо гузошт ва марказҳои салоҳиятро дар Тошканд ба кор даровард.
Директори агентии тадқиқоти кайҳонӣ ва технология Шуҳрат Қодиров гуфт, ин чорабинӣ барои Ӯзбекистон аз нигоҳи созишномаҳои байналмилалӣ самаранок буд.
«Мо бо Агентии рушди инноватсионӣ созишнома ба имзо расонидем, ки тибқи он кор оид ба баровардани моҳвораи илмию таълимии CubeSat барои Ӯзбекистон ба кайҳон оғоз гардид. Мақсади асосии лоиҳаи мазкур гирд овардани маҷмӯи салоҳиятҳои зарурӣ дар самти эҷод, ҷамъоварӣ, ба кор андохтан ва идоракунии минбаъдаи моҳвора мебошад», - қайд кард Ш.Қодиров.
Ўзбекистон раванди дохил шудан ба Федератсияи байналмилалии кайҳонӣ (IAF)-ро оғоз намудааст. Ба туфайли ин дастрасӣ ба ҳамкориҳои охирини тадқиқотӣ, нетворкингӣ ва таълимиро фароҳам меояд.
Дар доираи конфронс ҷамъомади шӯрои агентиҳои кайҳонии кишварҳои СДТ барпо гардид. Давлатҳо аҳд карданд, ки дар доираи ба мақсадҳои осоишта истифода бурдани фазои кайҳон ҳамкорӣ кунанд. Табодули таҷриба дар татбиқи барномаҳои миллии кайҳонӣ ба нақша гирифта шудааст, инчунин барои донишҷӯён Space Camp ташкил карда мешавад. Имконияти cap додани моҳвораи якҷояи мамлакатҳои аъзои СДТ мавриди муҳокима қарор мегирад.
Ду кайҳоннавард Владимир Ҷанибеков ва Айдин Айимбетов низ барои ширкат дар конфронс ба Тошканд омаданд.
Конфронси STC 2023 таваҷҷуҳи зиёди ҷомеаи ҷаҳонӣ ва минтақавии кайҳонро ҷалб кард. Дар чорабинӣ намояндагон аз беш аз 30 кишвари ҷаҳон ширкат варзиданд, фазои конфронс аз мундариҷаи ҷолиб ва мулоқотҳои корӣ ғанӣ буд.
«STC худро ҳамчун макони вохӯрии солонаи намояндагони соҳаи кайҳонӣ дар сатҳи минтақавӣ муаррифӣ кард. Мо аз шарикии бомуваффақиятамон дар давоми ду соли охир бо «Ӯзбеккосмос» хеле қаноатмандем ва ба ҳамкориҳои минбаъда итминон дорем ва умедворем, ки дар ояндаи наздик бо STC ба Ӯзбекистон бармегардем», - гуфт ташкилкунандаи конфронси STC 2023, директор ширкати Dialogue Events Мэтт Мосс.