«TheCityUK» — маркази мустақили молиявӣ мебошад, ки соли 2010 дар Лондон таъсис ёфтааст ва фаъолияти он ба пешбурд, ҳифз ва ҳавасмандгардонии соҳаи молия ва хизматрасонии Британияи Кабир равона шудааст, хабар медиҳад АИ «Дунё».
«TheCityUK» ба пешбурди манфиатҳо ва имкониятҳои ширкатҳое, ки дар соҳаҳои молия, суғурта, бонкдорӣ, идораи дороиҳо, сармоягузорӣ, ҳуқуқ ва дигар хизматрасониҳои тиҷоратӣ фаъолият мекунанд, дар бозори ҷаҳонӣ машғул аст.
Никола Уоткинсон ислоҳоти иқтисодии васеъмиқёсе, ки дар Ӯзбекистон татбиқ мешаванд, аз ҷумла чораҳоеро, ки барои рушди лоиҳаҳои бонкӣ-молиявӣ, хусусигардонии моликияти давлатӣ ва озодсозии бахши давлатӣ дар кишвар равона шудаанд, баланд арзёбӣ намуд.
Дар ҷараёни мулоқот оид ба самтҳои умедбахши ҳамкорӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.
Дар натиҷаи вохӯрӣ бо «TheCityUK» тавофуқ ҳосил шуд, ки ширкатҳои бузурги сармоягузории инфрасохторӣ аз тамоми ҷаҳон барои иштирок дар хусусигардонӣ ва озодсозии моликияти давлатӣ дар Ӯзбекистон, инчунин барои татбиқи лоиҳаҳои умедбахш ҷалб карда мешаванд.