Шаҳрвандони Ӯзбекистон метавонанд миқдори нафақаи худро онлайн донанд

    Буриши иҷтимоӣ 30 Oktabr 2024 2215

    Фонди нафақаи Ҷумҳурии Ўзбекистон оиди аз хона набаромада гирифтани маълумот дар бораи миқдори нафақа ва ёрдампулӣ дастури қадам ба қадам тартиб дода, пешниҳод кард. Идора боти махсуси Telegram-и @pensionyauzbot-ро ба кор андохтааст, ки ба шумо имкон медиҳад, ки маълумоти заруриро онлайн дастрас намоед.

    Ин чӣ тавр анҷом дода мешавад?

    Аввал ба мессенҷери Telegram боти @pensiyauzbot-ро ворид кунед ва фармони "Маблағи нафақа"-ро интихоб кунед.

    Дар марҳалаи навбатӣ нафақахӯр барои гирифтани маълумот дар бораи андозаи нафақа барои кадом сол ва моҳ командаҳо интихоб мекунад.

    Пас аз ин, бот ба таври худкор дар бораи андозаи нафақаи нафақахӯр маълумот медиҳад.

    Барои истифодаи бот рақами телефони мобилии нафақахӯр бояд ба хидмати SMS-Пенсия https://www.youtube.com/watch?v=cPUZO1JDjGY пайваст карда шавад.

    Нафақахӯроне, ки рақами телефонашон ба ин хадамот пайваст нест, метавонанд тавассути истиноди зер рақами худро пайваст кунанд.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates