Шаҳрвандони Ӯзбекистон аз хатари фаромадани тарма дар кӯҳҳои Тошканд ва Намангон огоҳ карда шуданд

    Ба муносибати дар назар дошта шудани боришот ва якбора поён рафтани ҳарорати ҳаво 8-13 декабр дар ноҳияҳои кӯҳии ҷумҳурӣ, аз ҷумла ноҳияҳои Оҳангарон, Бўстонлиқ ва Паркенти вилояти Тошканд (низоми кӯҳи Чотқол), инчунин ноҳияи Попи вилояти Намангон хавфи фаромадани тарма эълон карда шудааст.

    Дар ин бора роҳбари «Узгидромет» Шерзодхӯҷа Ҳабибуллохӯҷа дар саҳифаи Фейсбуки худ хабар додааст.

    Аз шаҳрвандоне, ки дар ноҳияҳои кӯҳӣ зиндагӣ ва истироҳат мекунанд, инчунин аз ронандагоне, ки ба ин минтақаҳо сафар мекунанд, хоҳиш карда шуд, ки чораҳои эҳтиётӣ андешанд.

    Илова бар ин, хабар дода мешавад, ки рӯзҳои 10-12 декабр дар қитъаи ағбаи Қамчиқи шоҳроҳи А-373-и “Тошканд-Ӯш” боридани барф дар назар дошта шуда, баъзан боришот зиёд мешавад. Ҳамчунин фаромадани туман ва то 50 метр бад шудани дидгоҳ дар назар аст. Бар асари шиддат гирифтани вазиши шамол то 17-22 метр дар як сония дар роҳ резиши барф ва яхбандӣ ҳосил мешавад.

    No date selected
    October 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates