Мулоқот таҳти роҳбарии раиси раёсати ҶСК «Ӯзбекистон темир йӯллари» З.Нарзуллаев ва раиси ширкати чинии "XCMG" Ванг Мин баргузор гардид.

Дар рафти гуфтушунидҳо ҳарду ҷониб фаъолияти бомуваффақияти корхонаи муштараки «UzXCMG»-ро, ки таҷҳизоти гуногуни сохтмонӣ, аз ҷумла экскаваторҳои тасмачарх ва чархдор, боркунакҳо, булдозеру грейдерҳо, мошинҳои махсус барои конҳо ва дигар техникаи роҳсозиро тибқи технологияи чинӣ истеҳсол мекунад, қайд карданд.

Масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи маҳаллисозии истеҳсоли техника бо роҳи сармоягузории мустақими ширкати чинӣ, поин бурдани нархҳо ва васеъ кардани навъҳои маҳсулот низ баррасӣ шуданд. Ҳарду ҷониб ба афзоиши ҳаҷми фурӯш на танҳо дар Ӯзбекистон, балки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ низ ҳавасмандӣ зоҳир карданд.

Музокирот бо тавофуқ оид ба рушди минбаъдаи шарикӣ ва таҳкими муносибатҳои мутақобилан судманди ҷамъияти саҳомии  «Ӯзбекистон темир йӯллари» ва ширкати чинии XCMG анҷом ёфт. Ин ҳамкорӣ ба ҳарду ҷониб имкон медиҳад, ки тавонмандиҳои худро дар бозори таҷҳизоти сохтмонӣ густариш диҳанд ва дар рушди инфрасохтори минтақа саҳм гузоранд.