“Ўзбекистон темир йўллари: дар бораи рафти сохтмони марҳилаи 2-юми метрополитени ҳалқагини рӯизаминии Тошканд

    Шаҳришавӣ 24 Dekabr 2021 1381

    Тавре ки маълум аст, марҳилаи 2-юми сохтмони ҳалқагини рӯизаминии метрои Тошканд қитъаро аз бозори Қуйлуқ, ки тавассути роҳи ҳалқагини нақлиёти автомобилии Тошканд то ноҳияи Янгиҳаёти пойтахт, кӯчаи Хонободи ноҳияи Зангиотаи вилояти Тошкандро бо фарогирии кӯчаи Қипчоқи ноҳияи Сергелии Тошканд мепайвандад, аз ҷумла истгоҳи "Бекат-5"-и хати метрои Сергелӣ  Тошкентро дар бар мегирад. Пешбинӣ шудааст, ки дар ин қитъа 9 истгоҳи дарозиашон 15 километр сохта шавад.

    Қобили зикр аст, ки корҳои сохтмонии мазкур аз ҷониби корхонаи воҳиди «Трести "Кӯприкқурилиш»-и ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбекистон темир йуллари» амалӣ карда мешавад, ки дар сохтмони иншооти азим ва таҷҳизоти муосир таҷрибаи бой дорад.

    Моҳи декабри соли 2020 корхонаи воҳиди «Трести "Кӯприкқурилиш» корҳои сохтмониро дар қитъаи 11,62 километрии "Қӯйлюк - Қипчоқ" оғоз кард, ки марҳилаи дуюми хати рӯизаминии метро мебошад. Айни замон дар ҳудуди ин қитъа корҳои сохтмонӣ аз «7-Бекат»-и ҳудуди бозори Қӯйлюк то «12-Бекат»-и маҳаллаи Сергели (Строителний) босуръат идома доранд.

    Аз ҷумла, тибқи лоиҳа то имрӯз аз 2418 болори оҳанубетонии банақшагирифташуда 1014-тоаш, аз 405 сутуни кӯндаланги обанубетонии нақшавӣ 198-тоаш, аз 405 болорҳои кӯндаланги оҳанубетонӣ 203 тоаш, 210 таҳкурсии якқабата, 210 таҳкурсии дуошёнаи оҳанубетонӣ насб карда, 212 хандақ (чоҳбунҳо) кофта шудаанд. Илова бар ин, дар марҳилаи 2-юми сохтмони роҳи ҳалқаи автомобилии Тошканд байни истгоҳҳои 8, 9 ва 10 таҳкурсӣ, сутунҳо ва болорҳо, инчунин шоҳтирҳои 26 метрӣ насб карда шуданд.

    Дар истгоҳҳо корҳои сохтмон давом дорад. Аз ҷумла, дар ошёнаи якуми қитъаи 8-ум корҳои асосӣ ба охир расида, корҳои пардозкунӣ давом доранд. Деворҳои бино аз плиткаҳо ва мармарҳои мустаҳкам пӯшонда мешаванд. Дохили бино бо услуби миллӣ оро дода шуда, дару ромҳои замонавӣ насб карда шудааст. Инчунин, дар қисми пешдомани истгоҳ дар ошёнаи 2 корҳои сохтмонӣ оғоз шуданд. Корҳои асосии сохтмонӣ дар қитъаҳои 9 ва 10 ба анҷом расонда шуда, дар ошёнаи 1-уми бино ва корҳои пардоздиҳии берунӣ, васли системаҳои электрикӣ, қубурҳои об ва алоқа анҷом ёфтанд. Дар айни ҳол дар истгоҳи 11-ум сохтмон cap нашудааст, дар қитъаи рақами 12 хиштчинӣ аллакай давом дорад. Ҳоло роҳиоҳанчиён дар қитъаи гардиши роҳи ҳалқаи Тошканд гузаргоҳро ба таври монолитӣ сохта истодаанд. Ин қитъаи бинокорӣ яке аз участкаҳои душвортарини лоиҳа мебошад.

    Дар кӯчаи Хонобод монтажи таҳкурсӣ, сутуну болорҳо дар асоси плани сохтмони лоиҳа кариб ба охир расид. Дар кӯчаи Қипчоқ таҳкурсӣ мегузоранд ва сутунҳо месозанд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates