«Ўзбекистон темир йўллари» масъалаҳои ҳамкории мутақобилан судманд бо ширкати Чинро баррасӣ намуд

    Нақлиёт 19 Iyul 2023 2661

    18 июли соли 2023 бо роҳбарии иҷрокунандаи вазифаи раиси раёсати ҶС «Ӯзбекистон темир йӯллари» З.Нарзуллоев бо ноиби президенти ширкати чинии «NORINCO International Cooperation ltd.» гуфтушунид ба амал омад, ки дар он масъалаҳои ҳамкориҳои мутақобилан судманд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

    Дар рафти вохӯрӣ намояндагони ширкати «NORINCO International Cooperation ltd.” намоиши видеоӣ намоиш доданд, ки дар он фаъолияти ширкат, таҷриба ва дастовардҳои он ба таври муфассал баён карда шудааст. Онҳо инчунин, дар бораи пешниҳодҳои ба лоиҳа алоқаманд, ки онҳо метавонанд якҷоя бо ҶС “Ўзбекистон темир йўллари” татбиқ гарданд, нақл карданд. Аз ҷумла, оид ба лоиҳаи интиқоли релсҳо ва таъсиси корхонаи муштарак дар заминаи истеҳсол ва сохтани вагонҳо таклифҳо пешниҳод карда шуданд.

    Дар навбати худ, роҳбарияти «Ўзбекистон темир йўллари» ба тақдимот шавқу рағбати баланд зоҳир намуда, тамоми пешниҳодҳои ҷониби Чинро бо диққат шуниданд. Ҷониби Ӯзбекистон омодагии худро барои омӯхтани пешниҳодҳо ва баррасии онҳо дар сатҳи дохилӣ изҳор дошт. Дар бораи хамкории минбаъда баъди таҳлилу муҳокимаи ҳаматарафа қарор қабул карда мешавад.

    Ҳарду ҷониб аз мулоқот ва умед барои рушди бомуваффақияти ҳамкорӣ ва расидан ба ҳадафҳои муштарак дар соҳаи зерсохтори роҳи оҳан изҳори сипос намуданд.

    Маълумотнома: NORINCO International Cooperation Ltd. ширкати бузурги давлатии Чин аст, ки ба истеҳсоли техникаи саноатӣ ва пешниҳоди хадамот дар бахшҳои сохтмони инфрасохтор, энергетика ва нафт ва ҳамчунин тиҷорату логистика тахассус дорад.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates