Аз 23 декабри соли 2024 то 10 январи соли 2025 дар хатсайрҳои дохилии роҳи оҳан тахфифи 50 фоиз аз тарифҳои умумӣ амал мекунад. Тахфиф ба вагонҳои дараҷаи олӣ (SV/VIP) ва қатораҳои тезгард «Afrosiyob» татбиқ намегардад.
Тавре хадамоти матбуоти «Ӯзбекистон темир йуллари» хабар медиҳад, донишҷӯён барои харидории чипта метавонанд бо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти худ ба кассаҳои роҳи оҳан муроҷиат кунанд ё тавассути сомонаи eticket.railway.uz чиптаҳоро дар шакли электронӣ харидорӣ намоянд.
Қаблан Uzbekistan Airways низ эълон карда буд, ки фурӯши чиптаҳо бо тахфифи 50% барои донишҷӯён дар хатсайрҳои дохилии ҳавоӣ дар давраи соли нав оғоз мегардад.