Ширкати ҳавопаймоии Centrum Air-и Ӯзбекистон парвозҳоро аз Намангон ба Ҷидда оғоз кард

    Нақлиёт 4 Aprel 2023 1921

    2 апрели соли 2023 ширкати ватании Centrum Air самтҳои нави парвозҳо: "Намангон – Ҷидда"-ро кушод. Аз рӯи анъанаи муқарраршуда самти нав бо арки обӣ кушода шуд. Экипажи самолёт ва 150 нафар мусофирон дар зери садои карнаю сурнай гусел карда шуданд.

    Қарор аст, ки парвозҳои мунтазами мусофирбарӣ дар самти “Намангон – Ҷидда” дар як ҳафта то 7-10 парвоз бо ҳавопаймоҳои Boeing 737 ва Airbus A320 анҷом дода шаванд.

    Барои маълумот: Centrum Air ширкати ҳавопаймоии арзони Ӯзбекистон бо қароргоҳаш дар Тошканд мебошад, ки моҳи январи соли 2023 барои анҷом додани парвозҳои мусофирбар иҷозат гирифт. То имрӯз парки ин ширкати ҳавопаймоӣ дорои се ҳавопаймои Airbus A320 ва ду Boeing-737 мебошад.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates