Кинематографистони ӯзбек ва тоҷик дар бораи Навоӣ ва Ҷомӣ филм ба навор мегиранд

    Фарҳанг 9 Iyul 2021 1016

    Агентии кинематографияи Ӯзбекистон дар ҳамкорӣ бо филмсозони ӯзбек ва тоҷик муколамаи онлайнро дар бораи офаридани лоиҳаҳои нави филм баргузор кард. Дар он филмсозон, олимон ва нависандагони маъруфи ҳарду кишвар ширкат варзиданд.

    Директори Агентии кинематографияи Ӯзбекистон Фирдавс Абдухолиқов, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, роҳбари муассисаи давлатии "Тоҷикфилм" Маҳмасаид Шоҳиён дар конфронс оид ба аҳамияти лоиҳаҳои муштарак ва нақшаҳои оянда суханронӣ карданд.

    Зикр гардид, ки дар ҷараёни сафари Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ба рушди робитаҳои фарҳангии байни кишварҳо таваҷҷӯҳи хос зоҳир карда шуд. Дар ҷараёни боздид филмҳои бадеии кинематографистони ӯзбек "Илҳак", "Абдураҳмони Ҷомӣ", "Дар зери осмони ягона", "Қалби мардум" намоиш дода шуданд. Дӯстдорони кинои Тоҷикистон ин филмҳоро гарм пазируфтанд.

    Дар ҷараёни боздид Президенти кишвар муваффақияти Рӯзҳои кинои Ӯзбекистонро дар Тоҷикистон таъкид намуда, зикр кард, ки бояд дар бораи дӯстии гузаштагони бузурги мо - Алишери Навоӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ филми бадеӣ офарида шавад. Пешниҳодро Президенти Тоҷикистон дастгирӣ кард. Иштирокчиёни конфронси онлайн ба ин масъала диққати махсус доданд.

    Дарвоқеъ, дар бораи дӯстии Алишери Навоӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ бисёр асарҳои илмӣ ва бадеӣ навишта шудаанд. Як қатор филмҳои мустанад ба навор гирифта шудаанд. Аммо, муносибати ду мутафаккири бузург ҳанӯз ба қадри кофӣ равшан карда нашудааст.

    Нотиқон қайд карданд, ки қабл аз наворбардорӣ бояд маъхазҳои таърихӣ, илмӣ ва адабиро омӯхт, инчунин дар бораи дӯстӣ ва бародарӣ маълумоти заруриро ҷамъ овард, ки халқҳои ӯзбеку тоҷикро дар тӯли асрҳо муттаҳид намудаанд ва ба робитаҳои хешутабории байни халқҳо диққати махсус дод. Дар конфронс қайд карда шуд, ки барои интихоби адабиёт ва маълумот оид ба мавзӯъ бояд гурӯҳи эҷодӣ ташаккул дод. Дар асоси иттилооти ҷамъшуда, филмсозони ӯзбек ва тоҷик сенария меофаранд ва дар марҳилаи баъдӣ коргардон ва актёрон муайян карда мешаванд. Қарор шуд, ки ҳар ҳафта бо коргардонҳои филмҳои ҳарду кишвар мулоқотҳои онлайн баргузор карда шаванд.

    Ҷонибҳо инчунин оид ба ду лоиҳаи муштараки синамогарони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон - "Ситораи номаълум" ва "Сангҳо ва об" мубодилаи афкор карданд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates