Ҳунармандони ӯзбек дар ярмаркаи намоишии Тоҷикистон ба кор шурӯъ карданд

    Дар доираи сафари ҳайати Ӯзбекистон ба Тоҷикистон, ки дар Ҷашнвораи атлас ва адрас иштирок мекунад, ҳунармандон, косибон, дизайнерони ӯзбек, инчунин коршиносони лоиҳаи ПСС "RUTSIS", ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, дар ярмаркаи намоишӣ бо намунаҳои маҳсулоти абрешимӣ ва икати Марғелон ба кор шурӯъ карданд.

    Павилони атлас ва адрас, ки маҳсулоти корхонаҳои ӯзбекистонии "SILK VATS" ва "Crafts Studio Ikat Uz", Маркази таълимии рушди ҳунармандии "ИКАТ", инчунин Маркази рушди ҳунарҳои Марғелонро муаррифӣ намудааст, шавқу ҳаваси тамошобинони намоишгоҳро бедор кард.

    100 фоиз табиӣ будани матоъ бо нақшу нигори миллии маҳсулоти дастӣ яке аз омилҳое буд, ки таваҷҷӯҳи иштирокчиёни намоишгоҳро ба атлас ва адрасҳои ӯзбекӣ ҷалб кард.

    Аз павилон зиёда аз 1500 нафар намояндагони ҳайатҳои Тоҷикистон ва хориҷӣ аз Иттиҳоди Аврупо, Чин, Таиланд, Ҳиндустон, Эрон, Афғонистон ва ғайра дидан карданд, иттилоъ медиҳад хидмати матбуоти ПСС.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates