Паҳлавонон дар услуби классикӣ ва озоди гӯштини камарбандӣ қувваозмоӣ намуданд.
Бар асоси натиҷаҳои ин мусобиқа, намояндагони кишвари мо дар вазнҳои гуногун 20 медал ба даст оварданд. Ханабой Ураимов, Аббос Аҳмадҷонов, Муродҷон Ҳамидов, Достонбек Обидҷонов, Самандар Абдусаломов, Азимҷон Юлдошев, Фарангиз Абдунабиева ва Шириной Юлдошева ба зинаи аввал баромада, ба шарафи онҳо Суруди миллии Ӯзбекистон садо дод.
- Ман шодам, ки дар вазни 50 кг байни занон мақоми аввалро соҳиб шудам, — гуфт барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Зулфия, қаҳрамони ҷаҳонӣ оид ба гӯштини камарбандӣ ва донишҷӯи Донишгоҳи давлатии иқтисодиёти Тошканд Фарангиз Абдунабиева. — Мо бовар дорем, ки ин мусобиқа ба рушди ҳамкориҳои варзишӣ миёни Ӯзбекистон, Ҳиндустон ва Русия мусоидат мекунад. Мо аз ташкилкунандагони ин мусобиқаи байналмилалӣ, аз ҷумла Сафорати Ӯзбекистон дар Деҳлӣ, барои омодагии хуб ва сатҳи баланди баргузории он изҳори миннатдорӣ мекунем.
Раиси Федератсияи гӯштини камарбандии Ӯзбекистон Равшан Дастиров таъкид кард: - Мо бо ҳайати зиёда аз 20 нафар дар ин мусобиқа иштирок кардем. Бо намояндагони Ҳиндустон ва Русия тавофуқ ҳосил шуд, ки ин мусобиқаи дӯстона ҳамасола баргузор гардад. Соли 2026 мизбонии онро Ӯзбекистон ба дӯш мегирад. Мо хеле хурсандем, ки рақобатҳои пуршиддат дар майдон нишон доданд, ки гӯштини миллии мо дар арсаи байналмилалӣ беш аз пеш маъруф мегардад.
Имсол якчанд мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини камарбандӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз ҳама бузургтарини онҳо мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон мебошад, ки моҳи май дар шаҳри Нукус баргузор хоҳад шуд.