Мувофиқи ҳикмати халқии “дўст дар мусибат шинохта мешавад” Президент Шавкат Мирзиёев яке аз аввалинҳо шуда бо Президент Реҷеп Таййип Эрдоған мулоқоти телефонӣ анҷом дода, ба Туркия ва халқи он ҳамдардии амиқ изҳор кард.

Бо супориши Сарвари давлат 7 феврал ду ҳавопаймои Ӯзбекистон ба шаҳрҳои аз ҳама осебдидаи Туркия - Адана ва Газиантеп барои рафъи оқибатҳои офати густурдаи табиӣ кумаки башардӯстона ва гурӯҳи наҷотдиҳандагон расонид. Наҷотдиҳандагони мо дарҳол пас аз расидан дар маҳалле, ки ӯзбекҳо зиндагӣ мекунанд, ба кор шурӯъ намуда, борҳои башардӯстонаи аз Ӯзбекистон овардашударо ба ниёзмандон расонданд.

Дар ноҳияҳои ҷанубии Туркия маҳаллаҳо ва деҳаҳое ҳастанд, ки дар онҳо ӯзбекҳои зиёд зиндагӣ мекунанд. Дар наздикии ин пунктҳои аҳолинишин заминҷунбии марговар ба амал омад. Аз ҷумла, рустои Овакенти ноҳияи Хатай, ки дар он беш аз 15 ҳазор ӯзбекҳо ба сар мебаранд, яке аз манотиқи осебдида аст. Бар асоси тавофуқе, ки бо мақомоти Туркия ҳосил шуд, ҳудуди 100 наҷотдиҳандаи Ӯзбекистон барои анҷоми амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷот ба ин минтақа фиристода шудаанд.

Роҳбари Ассотсиатсияи ӯзбекҳои воқеъ дар шаҳри Адана Усмон Бек барои кумаки саривақтии Ӯзбекистон изҳори сипос кард:

- Ташаккури зиёд ба Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва тамоми халқи ӯзбек! Дар рӯзи сахтамон моро танҳо нагузоштанд. Ба мо кумаки башардӯстона ва гурӯҳи наҷотдиҳандагон фиристода шуданд. Онҳо ба одамоне, ки дар ҳолати ногувор қарор доранд, ёрии зарурӣ мерасонанд. Кумаки башардӯстона ба осебдидагон дар муддати кӯтоҳ расонида мешавад.