Дар финали шиноварӣ дар масофаи 1500 метр бо услуби озод байни мардон Иля Сибирцев бо натиҷаи 15:23.35 ҷои дуюмро гирифт ва бо медали нуқра сарфароз шуд.

Медали дигари дастаи мо аз ҳисоби варзишгарони ҷаҳиш ба об ба даст омад. Дар ҷаҳишҳои ҳамоҳангшуда аз трамплини се­метра Игор Мялин ва Вячеслав Качанов соҳиби медали биринҷӣ гардиданд.