Ин масъала яке аз мавзӯъҳои калидии мулоқоти намояндагони ҳайати дипломатии Ӯзбекистон бо раиси Кумитаи даромадҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Қазоқистон Жандос Дуйсенбиев гардид, хабар медиҳад АМИ «Дунё».
Дар ҷараёни музокирот ба мушкилоти ширкатҳои нақлиётии ӯзбекистонӣ, ки ҳангоми интиқоли сабзавоту мева ва дигар борҳои зудвайроншаванда аз сарҳади Қазоқистону Русия рӯ ба рӯ мешаванд, дахл карда шуд.
Аз ҷумла, масъалаи душвориҳо дар истифодаи низоми навбатгирии электронии «CarGoRuqsat», мавҷуд набудани роҳҳои афзалиятноки «сабз» барои воситаҳои нақлиёт бо борҳои ҳассос, инчунин набудани шароити муносиб барои интизорӣ ва таваққуфи мошинҳо баррасӣ гардид.
Тарафи Қазоқистон аз мушкилоти мавҷуда изҳори огоҳӣ кард ва хабар дод, ки бо мақсади беҳтар кардани шароити ронандагон имконоти нави функсионалӣ — аз ҷумла, ворид кардани саҳифа бо забони ӯзбекӣ ва ҷудо намудани вақти иловагӣ дар низоми электронӣ илова гардидаанд.









