Дар 67 вазорату идораҳои Ӯзбекистон стандарти ISO 9001 ҷорӣ карда мешавад

    Низоми идоракунии сифат ИСО 9001 маъмултарин стандарти системаи менеҷменти сифат дар ҷаҳон буда, он зиёда аз як миллион ташкилотро дар 180 кишвари ҷаҳон сертификатонидааст. ИСО 9001 аслан як механизми идоракунӣ мебошад. Ҳадафи ин стандарт кам кардан, бартараф кардан ва пешгирии хатоҳо ва норасоиҳо мебошад.

    Дар ин бора роҳбари хадамоти иттилоотии Агентии танзими техникӣ Абдурауф Расулов, дар брифинг дар АИКО хабар дод.

    Мутобиқи Барномаи давлатӣ дар вазорату идораҳо баланд бардоштани сифати кор ва равандҳои маъмурию идоракунӣ пешбинӣ шудааст. Ҳамзамон бо мақсади ҷорӣ намудани системаи идоракунии сифати стандарти байналмилалии ИСО 9001 дар фаъолияти вазорату идораҳо рӯйхати 67 вазорату идора ташкил карда шуд.

    Лоиҳаи нақшаи тадбирҳои дахлдор оид ба ҷорӣ намудани системаи байналхалқии идоракунии сифат ҳамчун намуна тартиб дода шуда, ба рӯйхат барои мувофиқа ва тасдиқи вазорату идораҳо дохил карда шудааст.

    Имрӯз дар низоми менеҷменти сифат, ки ба талаботи андозаи байналмилалии ИСО 9001 мувофиқат мекунад, фаъолияти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Маркази давлатии тести назди Девони Вазирон ва Маркази хидмати гидрометерологӣ ҷорӣ карда шудааст.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates