Аз ҷумла, дар якҷоягӣ бо Маркази ҳифзи санитарию эпидемиологӣ дар объектҳои авиатсияи шаҳрвандӣ рӯзҳои 20-21 август барои кормандони тиббии фурудгоҳҳо оид ба этиология, клиника, эпидемиология, ташхис ва пешгирии бемории обилаи маймун семинарҳо ба нақша гирифта шудааст.
Инчунин, дар тамоми фурудгоҳҳои байналмилалии ҷумҳурӣ корҳои санитарию тарғиботӣ бо кормандон барои пешгирии бемории обилаи маймун пурзӯр карда шудааст.
Аз ҷумла, ба кормандони фурудгоҳ дар бораи ин беморӣ дар шакли содда маълумот дода мешавад ва нишон дода мешавад, ки аломатҳои муайян чӣ гуна зоҳир мешаванд. Илова бар ин, хадамоти санитарию карантинӣ дар фурудгоҳҳо мунтазам тепловизор насб мекунад, ки мусофиронро бо ҳарорати баланд аз масофаи дур муайян мекунанд.
Дар шуъбаи рушди таъминоти тиббии Uzbekistan Airports бо истинод ба маълумоти СУТ итминон доданд, ки штамми нави ин беморӣ асосан дар кишварҳои африқоӣ паҳн мешавад, ки бо парвозҳои мустақим бо Ӯзбекистон алоқаманд нестанд.