Фурудгоҳи Шаҳрисабз пас аз 20 сол барои авиатсияи шаҳрвандӣ дубора ба кор даромад

    Нақлиёт 12 Sentabr 2024 699

    11 сентябри солди 2024 фурудгоҳи минтақавии Шаҳрисабз парвози авиатсияи шаҳрвандиро аз нав cap кард. Бояд гуфт, ки парвозҳо ба фурудгоҳ пас аз тақрибан 21 сол оғоз шуданд. Бандари ҳавоии шаҳр дар моҳи ноябри соли 2003 баста шуда буд.

    Аввалин парвози ширкати «Silk Avia» аз Тошканд соати 13:10 ба вақти маҳаллӣ фуруд омад. Вақти парвоз 1 соату 30 дақиқа буд. Мувофики анъана самолёти типи Л410-ро бо арки обӣ бо тантана пешвоз гирифта, мусофирони аввалинро дар зери садои карнаю сурнай пешвоз гирифтанд.

    Бино ба иттилои дафтари матбуоти ширкати “Uzbekistan Airports” фурудгоҳи мавҷуда, ки дар 5 километрии ҷанубу ғарби Шаҳрисабз сохта шудааст, соли 1983 ба истифода дода шудааст. Дар солҳои 1983-1996 парвозҳо бинобар хатсайри «Тошканд - Шахрисабз» дар моҳҳои тобистон ҳафтае 4 маротиба ва дар мавсими тирамоҳу зимистон ҳафтае 3 маротиба анҷом дода мешуданд ва ҳавопаймоҳо низ дар як ҳафта ду маротиба аз рӯи хатсайри «Тошканд - Қаршӣ - Шаҳрисабз» парвоз мекарданд. Ҳаракати ҳавоӣ дар ҳавопаймоҳои монанди Ан-2, Ан-24, Як-40, RJ-85 анҷом дода шуданд.

    Дар айни замой фурудгоҳ имкониятои таъмин намудани парвозҳои авиатсияи шаҳрвандиро дорад. Маҷмааи фурудгоҳ дар як соат иқтидори гузарониши 100 нафарро дорад.

    Аэродром, ки аз хати парвози дарозиаш 1554 метр ва бараш 35 метр, ду истгоҳи ҳавопаймо ва чор майдони чархбол иборат аст, навъҳои зерини самолётҳои ATR-42, ATR-72, L-410 ва ҳамаи навъҳои чархболҳоро қабул карда метавонад.


    No date selected
    October 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates