Дар фурудгоҳи Намангон “iPhone 17”-и 160 миллион сӯмина мусодира карда шуд

    Бехатарӣ 10 Noyabr 2025 322

    Кормандони гузаргоҳи гумрукии “Фурудгоҳи Намангон” як қатор кӯшишҳои воридоти пинҳонии телефонҳои мобилиро ба кишвар ошкор намуданд.

    Дар ҳолати аввал, гурӯҳи мусофирон, ки аз Кувайт омада буданд, бо дархости шахси дигар кӯшиш карданд 8 адад телефони “iPhone 17”-ро ба арзиши 160 миллион сӯм ғайриқонунӣ ворид кунанд.

    Ҳолатҳои дигар ба мусофирони аз Ҷидда баргашта марбут буда, яке аз онҳо бо фикри ғалати “мусофирони зиёраткунанда тафтиш намешаванд”, кӯшидааст, то 5 адад “iPhone 17”-ро ворид намояд.

    Боз як шаҳрванд кӯшиш дошт, то 10 адад телефони “iPhone 17”-ро тавассути дигар мусофирон ворид намояд, аммо ҳангоми ҷамъоварии онҳо дар таваққуфгоҳи фурудгоҳ дастгир гардид.

    Ҳоло аз рӯйи ҳолатҳо санҷишҳои гумрукӣ идома доранд.

    Бояд гуфт, ки дар давоми 10 моҳи соли ҷорӣ, аз ҷониби Садорати гумруки вилояти Намангон гардиши ғайриқонунии 105 телефони мобилӣ ба маблағи умумии 406,4 миллион сӯм пешгирӣ карда шудааст.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates