Муайян шуд, ки сокини Андиҷон, соли таваллудаш 1985, бо кумаки чанд миёнарав тавассути гузаргоҳи байналмилалии «Дӯстлик» ҷавоҳироти тиллоиро аз Қирғизистон ғайриқонунӣ ворид карда, аз назорати гумрукӣ пинҳон кардааст. Вазни умумии ин ҷавоҳирот 162 грамм буда, арзиши онҳо тақрибан 17 ҳазор доллари ИМА арзёбӣ мешавад.
Ин шахс ҳангоми интиқоли ҷавоҳирот ба самти Андиҷон дар яке аз постҳои Хадамоти патрулӣ-роҳбонӣ дар ноҳияи Хӯҷаобод боздошт гардид.
Дар ҷараёни чорабиниҳои минбаъда мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маълум карданд, ки сокини Кӯқанд, соли таваллудаш 1983, барои фурӯши 908 грамм платина харидор меҷӯяд.
Дар натиҷаи амалиёти оперативӣ ин шаҳрванд ҳангоми фурӯхтани металл ба «харидори шартӣ» ба маблағи 62 950 доллари ИМА дастгир шуд.
Айни замон аз рӯйи ин ҳолат санҷиши пешакӣ идома дорад.
Аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки дар бораи чунин ҳуқуқвайронкуниҳо тавассути рақами кӯтоҳи 1520-и Хадамоти амнияти давлатӣ хабар диҳанд. Махфияти муроҷиаткунандагон кафолат дода мешавад.