Муайян гардид, ки 8 шаҳрванди муқими шаҳри Тошканд ва вилоятҳои Самарқанд, Бухоро, Андиҷон ва Фарғона, ки солҳои 1987–1998 таваллуд шудаанд, таҳти таъсири идеологӣ ва равонии блогери расонаии ташкилоти террористии «Гуруба катибаси», ки дар Сурия фаъолият мекунад, шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон Абдулмуҳсин Усмонов (соли таваллуд 1996), маблағҳоро ба суратҳисобҳои ӯ интиқол додаанд.
Ин шахс, ки бо тахаллуси «Саад Мухтор» маъруф аст, тавассути мессенҷери Telegram бо баҳонаи ҷамъоварии маблағ барои кумак ба мусулмонони аз ҳодисаҳои Фаластин зарардида маблағ ҷамъоварӣ мекард. Аммо маблағҳои ҷамъшуда барои дастгирии террористони дар Сурия ҳузурдошта равона мешудаанд.
Тибқи ҳукми додгоҳ, ҳафт нафар аз муттаҳамон аз 3 то 8 сол зиндонӣ шуданд. Ба як нафари дигар ҷазои маҳдуд кардани озодӣ ба муҳлати 4 солу 4 моҳ таъин шуд.
Мувофиқи моддаи 155-3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, маблағгузории терроризм бо маҳрум сохтан аз озодӣ то 15 сол ҷазо дода мешавад.
Хадамоти давлатии амният шаҳрвандонро ҳушдор медиҳад, ки ба даъватҳои шубҳаноки хайрия дар шабакаҳои иҷтимоӣ бовар накунанд ва қурбони фиребгарон нагарданд. Фаромӯш набояд кард, ки надонистани қонун касро аз ҷавобгарӣ озод намекунад ва метавонад боиси ҷавобгарии ҷиноятӣ гардад.