Ӯ ақидаҳои ифротиеро чун “ҳиҷрат”, “ҷиҳод” ва “шаҳид” шудан, ки аз тарафи ин созмон таблиғ мешаванд, ҷонибдорӣ мекунад ва маводҳои марбут ба ин ақидаҳоро тавассути профилҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн менамояд.
Бо аъзои созмони мазкур пайваста дар иртибот мешавад ва ният мекунад, ки бо амалисозии "ҷиҳод" дар зиддият ва амалиёти террористӣ ширкат намояд.
Ғайр аз ин, ин шаҳрванд бо мақсади дастгирии молиявии бевоситаи аъзои ин созмон мунтазам маблағ мефиристонад. Бахусус, дар солҳои 2023–2024 тавассути криптовалюта ба маблағи 2912 доллари ИМА ва тавассути кортҳои бонкӣ 4 миллиону 190 ҳазор сӯм маблағ интиқол медиҳад.
Баъдан, ӯ дар солҳои 2023–2024 ду бор бо нияти иштирок дар фаъолиятҳои террористии Сурия тариқи Ҷумҳурии Қирғизистон ба Туркия меравад. Вале ба Сурия ворид шуда натавониста, бар асоси дастури як узви созмон мехоҳад ба Афғонистон гузарад ва ба сафҳои созмони байналмилалии террористии “Иттиҳоди ҷиҳоди исломӣ” бипайвандад. Нақшаи ин шахс, ки мехост аз тариқи Эрон ба Афғонистон гузарад, амалӣ нагардида, моҳи ноябри соли 2024 боздошт мешавад.
Суди ноҳияи Андиҷон оид ба корҳои ҷиноӣ ин шахсро бар асоси моддаҳои 155-2 қисми 1, 155-3 қисми 2 банди “а”, 244-1 қисми 3 банди “г” ва моддаи 244-2 қисми 1-уми Кодекси ҷиноӣ гунаҳгор дониста, ба муҳлати 8 солу 6 моҳ ба маҳрумият аз озодӣ маҳкум намуд.








