Гуфта мешавад, ки М.С., соли таваллудаш 1976, бо туфанги пневматикии тамғаи “Srket”-и худ ба 51 адад таҷҳизоти барномавӣ-техникии махсуси автоматиконидашудаи сабти аксу видеои тамғаи «Hikvision», ки қоидавайронкуниҳои ҳаракати роҳро муайян мекунад, 1 маҷмааи радарии «Hikvision», ки ба ҶММ “Telecom soft” тааллуқ дорад ва дар 29 чорроҳаи шаҳри Андиҷон насб карда шудааст, қасдан осеб расонидааст.
Ҳоло аз ҷониби шуъбаи тафтишотии назди Садорати ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомти корҳои дохилӣ дар шаҳри Андиҷон нисбати шаҳрванд М.С. бо моддаи 173 қисми 2 банди «в»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Ӯзбекистон парвандаи ҷиноятӣ боз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.