Муфаттиши калони шӯъбаи тафтишотии назди шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ангрен аз як шаҳрванд дар доираи санҷиши то тафтишотӣ барои накушодани парвандаи ҷиноӣ ва наандешидани чораҳои дахлдор 10 ҳазор доллари ИМА талаб кардааст.
Дар чорабинии фаврӣ, ки таҳти ҳамкории Хадамоти амнияти давлатӣ, Департаменти назди Прокуратураи генералӣ ва Саридораи амнияти шахсии Вазорати корҳои дохилӣ гузаронида шуд, муфаттиш ҳангоми гирифтани 5 ҳазор доллари ИМА аз маблағи дархостшуда бо далелҳои ашёӣ боздошт гардид.
Нисбат ба муфаттиш бо моддаи 210 қисми 2 банди “б”-и Кодекси ҷиноӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, чораи пешгирии “ҳабс” татбиқ шудааст. Ҳоло тафтишоти пешакӣ идома дорад, гуфта мешавад дар хабар.









