Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон, роҳбарони Пажӯҳишгоҳҳои тадқиқоти стратегии назди Президенти кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин коршиносон оид ба масъалаҳои мубрами рӯз ва ҳамкориҳои минтақавӣ иштирок мекунанд.
Дар ҳошияи нишасти коршиносон баррасии масъалаҳои мубрами рушди ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, нақлиёту энергетика, рушди сармояи инсонӣ, инчунин дурнамои ҳамкориҳои фарҳангӣ ва башардӯстона дар назар аст.