Дар Озарбойҷон “Рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон” оғоз мешаванд

    Фарҳанг 1 Avgust 2023 2602

    Аз 1-ум то 4-уми августи соли равон дар пойтахти Озарбойҷон – шаҳри Боку “Рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон” баргузор мешавад.

    Дар доираи Рӯзҳои фарҳанг, ки бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ӯзбекистон баргузор мешавад, консертҳо, намоишҳои театрӣ, намоиши китобҳо ва дигар чорабиниҳо ташкил карда мешаванд, хабар медиҳад хабаргузории давлатии Озарбойҷон “Azertag”.

    Дар чорабинӣ ҳунармандони халқии Ӯзбекистон - Фаррух Зокиров, Насиба Абдуллоева, Ҳошимҷон Исмоилов, Зулайхо Бойхонова, Гулсанам Мамазоитова, Ҷенисбек Пиязов, Самандар Алимов ва дигарон ширкат меварзанд.

    Артистони Театри давлатии мусиқии Ӯзбекистон ба номи Муқимӣ дар саҳнаи Театри давлатии академии мусиқии Озарбойҷон ду спектакл намоиш медиҳанд: 2 август — «Хушдоман» ва 3 август — «Рӯзҳои гузашта».

    «Хушдоман» аз рӯи асари Маҷид Шамхалов ба саҳна гузошта шудааст. Режиссёр — Аскер Аскеров, рассом — Баҳром Сафоев, ороиши мусиқӣ — Севда Алиева, ёрдамчии режиссёр — Ферузбек Абдураимов. Ҳунарпешаи хизматнишондодаи Ӯзбекистон, дорандаи ордени «Дӯстлик» Гулбаҳор Мамадова дар нақши асосӣ. Сюжет дар асоси як муноқишаи оилавӣ - ихтилофоти байни хушдоман ва арус асос ёфтааст.

    «Рӯзҳои гузашта» аз рӯи асари ҳамноми нависандаи ӯзбек Абдулло Қодирӣ ба саҳна гузошта шудааст. Режиссёри спектакл Баҳодир Назаров мебошад. Зайнаб, зани дуюми каҳрамон асосӣ Отабек, ки ӯро маҷбуран ба шавҳар доданд, зани аввалаш Кумушро мекушад. Спектакл ба муқобили боқимондаҳои замони гузашта, аз ҷумла, на аз рӯи муҳаббат, балки бо исрори волидайн маҷбурӣ ба шавҳар додан нигаронида шудааст.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates