Олимон аз эҳтимоли ба ду қисм ҷудо шудани баҳри Хазар ҳушдор доданд

    Муҳаққиқони Институти ҷуғрофияи Академияи миллии илмҳои Озарбойҷон мегӯянд, ки коҳиши об дар Баҳри Хазар як падидаи муваққатӣ нест, балки қисми раванди васеътарест, ки метавонад чеҳраи минтақаро тағйир диҳад.

    Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ хабар доданд.

    Муҳаққиқи институт Мирнух Исмоилов коҳиши сатҳи обро ба равандҳои фаъоли тектоникӣ рабт медиҳад.

    Ба гуфтаи ӯ, баҳри Хазар дар минтақае ҷойгир аст, ки дар он кӯҳҳои ҷавон ташаккул меёбанд: кӯҳҳои Қафқоз ба афзоиш идома медиҳанд ва маҳз ҳамин фаъолияти тектоникӣ боиси кам шудани об мегардад.

    «Баҳри Хазар дар минтақаи фаъоли тектоникӣ ҷойгир аст. Азбаски раванди ташаккули кӯҳҳо дар Қафқоз ба охир нарасидааст, мо коҳиши сатҳи обро мушоҳида мекунем. Ва равандҳои тектоникӣ хеле тӯлонӣ мебошанд», - қайд кард мутахассис.

    Исмоилов ҳушдор медиҳад, ки дар оянда баҳри Хазар метавонад ба ду системаи алоҳидаи обӣ тақсим шавад - шимолӣ дар ҳавзаи Дербент ва ҷанубӣ дар ҳавзаи Ланкаран. Ин раванд бо мурури замон тӯл мекашад, аммо агар динамикаи кунунӣ идома ёбад, ин ногузир аст.

    Корманди дигари Институти ҷуғрофия Элнур Ҷаъфаров илова кард, ки сатҳи об метавонад то ҳадде коҳиш ёбад, ки баҳр аз хатти соҳил беш аз 30 километр ақибнишинӣ кунад.

    Мутахассисон таъкид мекунанд, ки ин тағйирот миқёси калон доранд ва мониторинги ҷиддии минтақаҳои соҳилиро талаб мекунанд, хабар медиҳад minval.az.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates