Тафтишот муайян кардааст, ки айбдоршаванда бо истифода аз мақоми хидматии худ аз як сокини ноҳияи Бекобод барои бекор кардани мамониати сафар ба хориҷа, ки бинобар қарзи алимент ба ӯ гузошта шуда буд, 20 миллион сӯм талаб намудааст. Ӯ ҳангоми гирифтани 13 миллион сӯм ҳамчун пора дастгир шудааст.
Ғайр аз ин, маълум шудааст, ки қаблан аз ҳамон шаҳрванд барои “кумак” дар ҳал кардани ҳамин масъала 450 доллари ИМА ва 1,3 миллион сӯм гирифтааст.
Бо ҳукми Суди ноҳиявии корҳои ҷиноятии Бекобод ӯ тибқи қисми 2 моддаи «Гирифтани пора» ва қисми 3 моддаи «Қаллобӣ»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Ӯзбекистон гунаҳгор дониста шудааст. Маҳкумшуда ба 6 соли маҳрумият аз озодӣ ва маҳрум шудан аз ҳуқуқи ишғоли мансаб дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар идораҳои давлатӣ барои муддати 2 сол ҷазо гирифт.








