Дар Бишкек Дафтари лоиҳавӣ оид ба ҳамоҳангсозии лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани "Чин-Қирғизистон-Ӯзбекистон" кушода шуд

    Нақлиёт 20 Yanvar 2023 1455

    18 январ дар Бишкек бо иштироки намояндагони Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ҶС «Ўзбекистон темир йўллари» ифтитоҳи Дафтари муштараки лоиҳавии ҳамоҳангсозии лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани "Чин-Қирғизистон-Ўзбекистон" баргузор гардид.

    Мақсади идора мутобиқ намудани тадбирҳои якҷоя барои тезондани иҷрои амалии лоиҳа мебошад.

    Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, имрӯз дар Корхонаи давлатии «НК «Қирғиз темир жолу» ва ҶС «Ӯзбекистон темир йӯллари» тамоми тадбирҳои пешакӣ барои сохтмони роҳи оҳани "Чин- Қирғизистон-Ӯзбекистон" баргузор мегарданд.

    Аввалин институти лоиҳакашӣ ва тадқиқотии Корпорацияи сохтмони роҳи оҳани Чин оид ба таҳияи асосҳои техникию иқтисодии лоиҳа машғул аст.

    Барои маълумот: 14 сентябри соли 2022 Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Қирғизистон ва Кумитаи давлатии рушд ва ислоҳоти Ҷумҳурии Мардумии Чин Ёддошти сеҷонибаи ҳусни тафоҳум ва ҳамкорӣ дар бораи лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани "Чин-Қирғизистон-Ӯзбекистон"-ро имзо карданд.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates