Музокирот оид ба аломатгузории марзи давлатии Ӯзбекистону Туркманистон дар Бухоро баргузор шуд

    Аз 16 то 21 январи соли 2023 дар шаҳри Бухоро ҷаласаи гурӯҳҳои кории Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ӯзбекистону Туркманистон оид ба масъалаҳои делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Туркманистон баргузор гардид.

    Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои омодагӣ ба ҷаласаи муштараки Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Туркманистонро баррасӣ намуданд. Аз ҷумла, лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва техникӣ оид ба аломатгузории марзи давлатии Ӯзбекистону Туркманистон такми дода, мувофиқа карда шуд.

    Дар ҷаласа ҳамчунин ҷадвали ҷаласаҳои гурӯҳҳои корӣ барои соли 2023 мувофиқа карда шуд.

    Пас аз анҷоми гуфтушунидҳо протокол ба имзо расид.

    Мулоқот дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум гузашт, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates