Дар рафти амалиёти фаврӣ, ки аз ҷониби кормандони Садорати Хадамоти амнияти давлатӣ дар вилояти Бухоро дар ҳамкорӣ бо Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ ва шуъбаҳои минтақавии Гвардияи миллӣ гузаронида шуд, ин ду нафар дастгир шуданд.
Маълум гашт, ки сокини шаҳри Бухоро (соли таваллудаш 1998) ва сокини ноҳияи Бухоро (соли таваллудаш 1984) бо ҳам забон як карда, ҳангоми ба маблағи 35 ҳазор доллар фурӯхтани 343 грамм моддаи симобро дар 3 флакон, ки гардиши он манъ аст, бо далелҳои шайъӣ боздошт шуданд.
Ҳоло нисбат ба онҳо бар асоси моддаи 185¹ қисми 2, банди “б”, “в” Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, амалҳои тафтишотӣ идома доранд.
Масъулон ба шаҳрвандон ёдрас карданд, ки фурӯш, харид ва нигоҳдории симоб ва пайвастагиҳои дорои он манъ буда, заҳролудии баланди он метавонад хатарҳои ҷиддӣ ба вуҷуд оварад.








